- гардиш
- [گردش]1. гирдгардӣ, чархзанӣ, даврзанӣ: чарх ба гардиш даромад2. сайру гашти кӯтоҳмуддат, сайру тамошо, тамошо карда роҳ рафтан3. рафтор, ҳаракат4. чанбари чизҳои доирашакл: гардиши доира, гардиши ғалбер5. маҷ. тағйирот, дигаргунӣ, таҳаввулот6. ҷои ба тарафи дигар баргаштани роҳ, хамгашти роҳ, гардишгоҳ; гардиши сар гирд гаштани сар, сарчархзанӣ (аз беморӣ); гардиши фалак а) чархи фалак; даври замон; б) маҷ. тақдир, қисмат; бо гардиши фалак а) бо гузашти рӯзгор; б) маҷ. бо хости тақдир; гардиш додан шакли бавоситаи гардиш кардан; гардиш кардан а) чарх задан, давр задан; б) роҳ рафтан барои тафарруҷ, сайру гашт кардан; в) тоб хӯрдан, ба тарафи дигар гаштан; дар гардиш будан чарх задан, дар ҳолати даврзанӣ будан; дар гардиш даромадан давр задан, чарх задан; дар давра даст ба даст гузаштан: ҷоми май дар гардиш даромад
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.